Дастаи мунтахаби занонаи Ўзбекистон ғолиби мусобиқаи Душанбе шуд

Аввалин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби занона бо пирўзии дастаи мунтахаби Ўзбекистон ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ дастаи Ўзбекистон бар Эрон бо ҳисоби 1:0 пирўз шуд. Голро Мафтуна Шоимова дар дақиқаи 86-уми вохўрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дастаи мунтахаби Қирғизистон бар Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби занонаи Ўзбекистон дар чор бозӣ чор пирўзӣ ба даст оварда, соҳиби 12 имтиёз гардид ва аввалин ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шуд.

Медалҳои нуқра насиби бозигарони Эрон шуд, ки 9 имтиёз ба даст оварданд. Медалҳои биринҷиро духтарони дастаи мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз ба гардан овехтанд.

Дар маросими ҷоизасупории чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ширкат доштанд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» насиби дастаи мунтахаби Эрон ва ҷоизаи махсус ба дастаи Туркманистон дода шуд. Аз дастаи мунтахаби Ўзбекистон Нилуфар Қудратова ҷоизаи гаронарзиштарин бозигари мусобиқотро ба даст оварда, бо панҷ голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *