Нурмол ё ненурмол. Танишҳои Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо чӣ меанҷомад?

Танишҳои лафзӣ миёни ду тан аз сарони афғон – Президенти Ҷумҳурии Исломӣ Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроия доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ сару садои зиёдеро дар расонаҳо ба бор овард.

Бархе аз коршиносон чунин ранг гирифтани муносибати ду нафар аз роҳбарони сатҳи аввалро фоли нек намедоданд, аммо худи Ғанӣ ва дафтари раёсатҷумҳурӣ онро «нурмол» арзёбӣ кардаанд.

Ҳама чиз аз он оғоз шуд, ки 11 август доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар нишасте бахшида ба рӯзи ҷавонон Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистонро дар беҳавсалагӣ муттаҳам кард ва аз он ки ӯро барои мулоқот қабул намекунад,  шадидан интиқод намуд. Роҳбари ҳукумати иҷроия дар ишора ба раисҷумҳур гуфт:

“Муҳтарам раисҷумҳури Афғонистон, худат вақт надорӣ, ки бо раиси иҷроияат дар зарфи 3 моҳ ҳадди ақал 1 ё 2 соат танҳо як ба як бубинӣ. Пас вақти шумо, бузургвор дар чӣ сипарӣ мешавад?”

Бо ин муроҷиат ва он ҳам дар нишасти ҷавонон Абдуллоҳ Абудллоҳ гӯё «таркид» ва ҳарфи дилашро дар миёни ҷавонон гуфт.

Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо ишора бар он ки бояд, раисҷумҳур ӯро ба ҳузур пазирад ва онҳо мулоқоту мубоҳиса кунанд гуфт: “Ман ҳеҷ инро рад намекунам, ки дар дохили ҳар ҳукумат ҳатман баҳс, музокира ва мубоҳиса мебошад. Ин гапи нурмол аст”.  Ҳамчунин,  Абудуллоҳ худашро аз нафароне медонад, ки ба ҳукумати Ашраф Ғанӣ низоми конститутсиониро пурзӯр намудааст. Бинобар ин,  дар идомаи суханаш афзудааст: “Аммо як касе, ки ҳавсалаи баҳсро надошта бошад, ӯ лаёқати раёсат ҳам надорад, ҳавсалаи шуниданро надошта бошад, надорад. Он ҳам ба он забон ва адабиёте, ки ман матраҳ мекунам”.

Дар идомаи суҳбат, ки навори он дар расонаҳо мегардад, Абудуллоҳ оҳанги суханрониашро ба тамасхур гароиш дода, аз гӯшии Ҳомид Карзай замони ба сари қудрат расидани Ғанӣ, ёдовар шуда мегӯяд: «Он вақтҳоят гузашт. Акнун ҳавсала кун».

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин Абудуллоҳ дар охири суханрониаш мегӯяд, ки нисбат ба раисҷумҳур эҳтиром қоил аст:  “Шахси раисҷумҳурро эҳтиром кардаам ва мехоҳам мавриди эҳтироми мардуми Афғонистон бошад. Аммо эҳтиром чизе нест, ки касе ба касе дар коғаз туҳфа бидиҳад. Эҳтиромро одам ба даст меорад”.

Дар пайи ин суханронии Аббуллоҳ раёсатҷумҳурии Афғонистон изҳорот пахш кард. Дар изҳороти Ашраф Ғанӣ омадаст: “Бо таассуф суҳбатҳои муҳтарам доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мутобиқат бо мавозинат ва рӯҳияи давлатдорӣ набуда, зеро асоси ҳукуматдорӣ бар усул ва завобити қонунӣ устувор ва бар мабнои он иҷроот сурат мегирад”.

Ҳамчунин, дар қисмати дигари ин изҳорот омадааст:  “Ҳукумати ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии раиси Ҷумҳури исломии Афғонистон бо ҳавсаламандии тамом барои пешбурди умур дар наздик ба ду сол ба рағми чолишҳои фаровон ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил омадааст”.

Аммо Ашраф Ғанӣ дар изҳорот сабабҳои ба ҳузур напазируфтани Абудллоҳро тавзеҳ надодааст. Ҳамчунин,  аз дафтари раёсатҷумҳурӣ ба хабарнигорон иттилоъ додаанд, ки мулоқоти ин ду тан санаи 13 август доир хоҳад шуд, аммо бо далоили номаълум ин мулоқот доир нагашт ва бар танишҳои лафзӣ нуқта гузошта нашуд.

Мӯҷибулраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи раёсати иҷроия ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки ин мулоқот ба далели мувофиқа накардан бо раёсатҷумҳурӣ сурат нагирифтааст ва ҳунӯз маълум нест, ки кай сурат мегирад. Вале ба ақидаи ӯ, ин як мулоқоти ҷиддӣ ва пураҳамият аст:  “Табиатан, ин нишаст сарнавиштсоз ва ҷиддист, чун мо ду тарафе ҳастем, ки ҳукумати ваҳдати миллиро ба сурати мусовиёна (баробар) шакл додем ва бояд ба сурати мусовиёна ҳукуматдорӣ ва пардохтан ба масоили миллӣ дар он тасмим гирифта шавад ва ҳарду тараф ҳузур дошта бошанд”.

Аксари коршиносон 2-3 моҳ мулоқот накардани сарони кишвари ҷангнзадаро бисёр ба нудурат қабул мекунанд ва онро маҳкум менамоянд. Чӣ гуна мешавад, ки шахси аввал муддатҳо бо шахси дуввум вонахӯрад? Чӣ гуна метавон ба ин васила ҳукуматро идора кард?

Ихтилофи назар миёни ду роҳбари гуногунмиллат аз ибтидо аз замони рақобат барои курсии раёсатҷумҳурӣ ва баъдан ҳангоми гӯё созиш ва тақсими ҳасанаи курсӣ вуҷуд доштааст. Коршиноси масоили сиёсӣ ва амнияти доктори Пуҳантуни (Донишгоҳи) Кобул Наҷиб Маҳмуд дар робита ба ихтилофоти сарони кишвараш мегӯяд: «Ин ихтилофот, албатта, ҳанӯз аз оғози кори ҳукумати ваҳдати миллӣ маълум буд ва шоеъоте вуҷуд дошт, ки инҳо дар бархе масоили ба тавофуқ намерасанд. Ва худи вуҷуди ду шахси тасмимгир дар ягон низоми сиёсии Афғонистон собиқа надошт ва тақсими салоҳиятҳо байни онҳо мушаххас набуд. Ин як. Дувум, Ҷамъияти исломии Афғонистон фикр мекунад, ки то андозаи зиёде аз саҳна канор рафтааст ва Абдуллоҳ намояндаи Ҷамъият дар давлат аст. Абдуллоҳ саҳми дувумро дар интихобот бурда буд ва пас ба андозаи аҳамият ва саҳме, ки дар интихобот бурданд, инҳо (намояндагони Ҷамъияти исломӣ) бояд ҳамон андоза саҳмро дар тасмимгириҳои давлат дошта бошанд».

Оқои Маҳмуд аз ин танишҳо ба шигифт омада мегӯяд: «Ахиран ҳама шоҳид шуданд, ки байни инҳо шадидан таниш дар лафз ва дар бархӯрд вуҷуд дорад. Ва ин нишон медиҳад, ки давлат то чӣ андоза бо мушкилоти мудирият ва ваҳдати назар мувоҷеҳ шудааст. Шояд ин танишҳо тармим шавад ва ҳарду ба тавофуқе бирасанд, аммо умқи масъала ин аст, ки вақте дар давлат дар тасмимгирӣ ва мудирияташ чандпорчагӣ вуҷуд дорад, ҳеҷ гоҳе ҳеҷ коре на ба охир мерасад ва на солим дармеояд».

Бо вуҷуди ҳамаи ин ҳанӯз мулоқоти Президент ва роҳбари Ҳукумати иҷроияаш сурат нагирифтааст ва маълум нест, ки ҳини вохӯрӣ онҳо дасти ҳамдигар фишурда якдигарро оғӯш мекунанд ё…

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

-->

Ба боло