«Ҷамоли пойтахт» ба мардум ба ҷойи хона оғил сохт (аксҳо)

Ба таваҷҷуҳи  раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев

Муҳтарам мири шаҳр!

Мо, як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Зарафшони пойтахтро холабеғамӣ,  бемасъулиятӣ, бепарвоӣ ва хунукназарии яке аз ширкатҳои калони сохтмонии шаҳрамон «Ҷамоли пойтахт» ба он маҷбур сохт, ки тариқи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба шумо муроҷиат намоем. Гап дар сари он аст, ки солҳои 2013-2014 мо аз ширакати номбурда, ки сарвариашро Сангинмуродов Л. С., бар душ дорад, бо нархи 550-650 доллари амрикоӣ барои ҳар як мерти мураббаъ хонаҳои истиқоматиро дар асоси шартномаи тарафайн харидорӣ карда, маблағашро пурра пардохт намудем. Мувофиқи шартномае, ки ширкат бо мо бастааст, ин маҷмаа, ки аз 3 бинои 9- ошёна ва 1 бинои 4- ошёна иборат буда, дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, бояд дар нимсолаи чоруми соли 2014 ба истифода дода мешуд. Намояндагони ширкати сохтмонии «Ҷамоли пойтахт» бо мақсади гарм кардани бозори худ харидоронро дилпур сохта, ваъда медоданд, ки хонаҳоро пеш аз муҳлат месупоранд ва мо дар биноҳои сохтаи эшон худро чун дар биҳишт бароҳат ва хушбахту масрур эҳсос хоҳем кард. «Мардака лафзаш ҳалол»- гӯён ба кормандони ин ширкат бовар карда, пули муфтро бароварда додему сари беғавғоямонро дар ғавғо мондем. Мувофиқи ваъда хонаҳоро бояд то ҷашни Истиқлолияти соли 2014 мепурданд, вале чашни Истиқлол гузашту аз ба анҷом расидани сохтмон ҳеҷ дарак нашуд. Вақте ки ба роҳбарияти «Ҷамоли пойтахт» муроҷиат намудем, ваъда ба соли нав доданд, аммо соли нави 2015 ҳам фаро расиду ин сохтмони гӯшти уштурхӯрда ба анҷом нарасид. Дидем, ки ширкат ба аҳдаш вафо карданӣ нест ва касе ба арзу додамон намерасад, кӯчу банд ва зану фарзандонамонро гирифта, ба ин биноҳои нотайёр, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ гаштаанд, кӯчидем, ба умеде, ки сохтмончиён шарм дошта, аз пайи ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмони дар биноҳои номбурда мешавад, аммо…

Зиндагӣ кардан дар ин биноҳои нотайёр, ки чордевори пур аз чангу хоку лою семент буданд ва дар онҳо ҳанӯз корҳои сотхмонӣ мерафт, барои мо санҷиши ҳақиқӣ гашт. Об набуд, обро аз поён бо сатилу канистр ба хонаҳоямон ба ошёнаҳои 7, 8 ва 9 мекашондем. Касе, ки дар умраш як маротиба аз поён ба ошёнаи 9 ақаллан бист литр обро бо дасташ баровардааст, моро хуб мефаҳмад. Зимистони соли 2015-ро бо ҳамин ранҷу азобҳои паси сар карда, пас аз муроҷиатҳои пай дар пай ба ширкат ниҳоят соҳиби об шудем. Қубурҳои обро гузарониданд. Шукри худо имрӯз аз об танқисӣ намекашем, вале зиндагӣ дар ин биноҳо ҳанӯз ранҷу азоби зиёдеро барои мо, сокинон ба бор меорад. Биноҳои таърифие, ки «Ҷамоли пойтахт» сохтааст, аз хона дида, ба оғилхона бештар шабоҳат доранд, зеро дар онҳо ягон шароити санитарӣ вуҷуд надорад. Ин биноҳо ҳатто қубурҳои партовпартоӣ (мусоропровод) надоранд. Ҷойи барои қубури партов пешбинишударо ширкат ба баъзе сокинон фурӯхтаасту онҳоро ҳамчун анбор истифода мебаранд. Болои боми бедари ин хонаҳо аллакай ба макони  наркоману бачабозҳо  табдил ёфтааст.  Аз се бинои 9- ошёна танҳо дар як бино лифт насб карда шудааст, вале он ҳам кор намекунад. Аксари сокинони ин биноҳо кӯдакони хурдсол доранд, баъзеашон пири барҷомонда ва беморанд, тасаввур мекунед, ки барои беморон, кампираку мӯйсафедон, кӯдакони хурдсол ва занони ҳомиладор ҳар рӯз чанд маротиба бе лифт 8-9 ошёнаро баромадану фаромадан чӣ қадар душвор ва ҳатто хатарнок аст? Ранҷу азобҳои моро бо ду чашми сарашон дида истода ба саволҳоямон оиди он ки лифт кай ба кор медарояд, сохтмончиён китф дарҳам мекашанд ё даст афшонда мегӯянд: «Комиссия биноҳоро қабул кунад, баъд соҳиби лифт мешавед!» Ба гумон аст, ки комиссия солҳои наздик ин биноҳоро қабул намояд, зеро ин хонаҳо аз ягон ҷиҳат ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Тибқи шартнома таъмири роҳраву зиноҳо бар души ширкат аст, вале «Ҷамоли пойтахт» на зинаҳоро кафелпӯш карданист ва на роҳравҳоро рангу бор мекунад, ҳатто дар даромадгоҳи биноҳо чизи оддитарин — дар нашинондаанд, ки ба хонаи истиқоматӣ ақаллан андаке шабоҳат пайдо кунад.

Одатан, вақте инсон соҳиби манзил мешавад, дилаш аз шодию фараҳ лабрез гашта, гӯё бе пару бол парвоз мекунад, вале хонаҳои харидаамон ба мо ба ҷойи шодию хурсандӣ танҳо азоби рӯҳӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ мебахшанд. Баробари аз дари бе дари ин биноҳо даромадан дили кас бо дидани деворҳои рангу бор накардаи ҷо-ҷо кафида, ноқилҳои овезони барқ, фаршу зинаҳои пур аз чангу хок ва порую чирку ифлосии беҳисоб дили кас ғаш мекунад. Меҳмонҳое, ки ягон-ягон ба хонаҳоямон меоянд, ҳатман ба ҳоли мо хандида мегӯянд: «Ако, хона харидам гуфта, обшежити вайрона харидед-ку!»

Дар ҳақиқат, ин биноҳо аз хонаҳои нави истиқоматӣ дида бештар ба ҳамон хобгоҳҳои вайрону валангоре монанданд, ки баъди пош хӯрдани давлатӣ Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гурезаҳо аз ночорӣ дар он вайронаҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекарданд. Дар ҳар як ошёна 8 ҳуҷра, яъне 8 квартира мавҷуд аст. Акнун ҳисоб кунед, ки дар ин се бинои наве, ки аз ободӣ дар онҳо ягон ному нишоне нест, чӣ қадар одамон ранҷу азоб кашида истодаанд. Ба болои ҳамаи ин, азбаски ин хонаҳо расман қабул нашудаанд, мо худро дар онҳо ба қайд гузошта наметавонем. Қонунан мо ҳаққи зистан дар ин хонаҳоро  надорем ва ҳоло дар байни замину осмон муаллақ мондаем. Онҳое, ки дар ин хонаҳо таваллуд шудаанд, акнун бояд аз куҷо шаҳодатномаи таваллуд гиранд?

Илоҷ медоштем, кайҳо аз баҳри  ин хонаҳои «биҳиштӣ»-и «Ҷамоли пойтахт» мегузаштем, вале ягон харидор бо чунин шароит хонаҳои моро харидорӣ нахоҳад кард. “Пуламон месӯзад”- гӯён тӯли ду сол ба ҳама ранҷу машаққатҳо тоқат карда гаштем, вале ҳама чиз, аз ҷумла сабру тоқати инсон ҳам ҳадду ҳудуд дорад. Ниҳоят косаи сабри мо ҳам лабрез гашт, аз ҳамин хотир бо умед ба шумо, муҳтарам раиси шаҳри Душанбе муроҷиат карда истодаем, ки як бор аз ин биноҳо дидан карда, рӯзи сиёҳи моро бо чашми худатон бубинед ва нисбати ин ширкати холабеғам, ки зиёда аз ду сол боз ҳамаи моро аҳмақ карда гаштааст, ягон чора андешед. Талаби мо аз «Ҷамоли пойтахт» ҳамин аст, ки биноҳои сохтаашро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба таври замонавӣ таъмир намуда, зинаҳоро кафелпӯшу роҳравҳоро рангу бор кунад ва  қубурҳои оби гарму гармидиҳиро гузаронад ё пулҳои супурдаи моро бо дарназардошти маблағҳои иловагие, ки дар таъмири даруни хонаҳо (отделка) сарф кардаем, дар муҳлати на бештар аз як моҳ пурра ба мо баргардонда, хонаҳояшро пас гирад. Мо дигар тобу тоқати дар чунин шароит зиндагӣ карданро надорем!!!   

Ранг бину ҳол пурс:

Ҷамъ: 24 имзо

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.