Хатлон: Зардӯзию чакан бекордухтаронро аз хона бадар меорад!

 Имрӯз дар боғи марказии  фарҳангию фароғатии  шаҳри  Кӯлоб  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни  вилоятии  намоиши  ҳунарҳои   мардумӣ, аз ҷумла «Заргари  беҳтарин», «Дӯзандаи беҳтарин», «Атласу адрасбофи беҳтарин» ва «Садранги чакан» баргузор шуд. Дар озмун ҳунармандони  25  шаҳру ноҳия ширкат варзида, намунаи ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд ва тарзи дӯхтани  либосро ба аъзои ҳакамон пешниҳод карданд.

Тавре баргузоркунандагони ин озмун- чорабини мегӯянд, мақсади гузаронидани озмун агар аз як тараф  эҳёи  анъанаҳои  мардумӣ ва муаррифӣ намудани  мероси  пурғановати гузаштагон бошад, аз сӯйи дигар ҷалби занону  духтарони хонанишин  ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва ба ин васила таъмини ва беҳбуди шароити зиндагияшон аст.  Дар охир ғолибони озмун бо туҳфаҳои  хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.