Нуробод: Сели азим ба сокинон зарар расонд

 Бар асари сел наздики 4 гектар замини  кишти сокинони ноҳияи Нуробод зери лойқа монд.

Гуфта мешавад, ки 10 май баъд аз нисфирӯзӣ дар қаламрави ноҳияи Нуробод борони шиддатнок борид, ки дар натиҷаи он сели азим бо лойқа сарозер шуда, қариб 4 гектар заминҳои кишти сокинони деҳаи Сари Қоши ноҳияро зери об намуд.

“Ҳамчунин, лойоба 800 метр канали обёрии «50-солагии Тоҷикистон»-ро, ки заминҳои хоҷагии Хумдонро обёрӣ мекард, фаро гирифт. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, —  иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *