443 донишҷӯи Донишгоҳи Бохтар ба Артиш пайвастанд (аудио)

Дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 443 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба сафи Қуваҳои муссалаҳи кишвар пайвастанд.

Пайвастани ҷавонон ба Артиши миллӣ пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ва ихтиёрӣ сурат гирифтааст.

Комрони Бахтиёр, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носисри Хусрав дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, донишҷӯёне, ки ба хизмати Ватан-модар рафтаанд, имтиҳонҳои давлатиро пурра супоридаанд. “Ҳамаи 443 нафаре, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд, дар давоми ду рӯз имтиҳони давлатиро супориданд. Донишҷӯёни донишгоҳи мо як сол хизмат мекунанду халос. Зеро пайвастани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баъди хатми донишгоҳ сурат гирифтааст. Онҳое, ки ба сафи Қувваҳои масаллаҳи Тоҷикистон шомил шуданд, баъди як соли хизмат метавоананд омада ройгон дар курси магистрӣ таҳсил кунанд. Ин пешниҳоди маъмурияти донишгоҳ танҳо барои онҳое рабт дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд. Бояд гуфт, ки таҳсил дар курси магистрӣ тартиби худро дорад ва танҳо барои онҳое ройгон аст, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардаанд”,- афзуд вай.

Комрони Бахтиёр ҳамчунин гуфт, донишҷӯёне буданд, ки дар имтиҳони давлатӣ ҳозир нашуданд ва онҳо аз донишгоҳ хориҷ карда шудаанд. Бояд гуфт, ки онҳо дар хизмати ҳарбӣ як сол не, балки ду сол хизмат мекунанд ва баъди адои хизматӣ ҳарбӣ омада таҳсилро идома медиҳанду имтиҳони давлатиро месупоранд, то соҳиби диплом гарданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *