Нуруллоҳ Абдуллоев сабаби таваққуфи тӯлонии “Беғараз панд”-ро гуфт (видео)

Нуруллоҳ Абдуллоев, ҳунарманди театр ва синамои тоҷик сабаби таваққуфи тӯлонии барномаи “Беғараз панд” ва ивази ном кардани онро дар телевизион шарҳ дод.

Номбурда дар суҳбат ба барномаи “Корзина”-и шабакаи Ютубканали сомонаи Pressa.tj гуфт, ки имрӯз ин барномаи бо номи дигар дар телевизион нашр мешавад. Ба гуфтаи ҳунарманд Нуруллоҳ Абдуллоев , нахуст барномаи “Беғараз панд”-ро Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Маҳмуд Тоҳирӣ бо режиссёрии Музаффар Ғаниев охири соли 1974 дар Телевизиони Тоҷикистон ташкил карданд. “Чун он солҳо аз ҷиҳати техника танқисиҳо зиёд буданд, аксари саҳнаҳои барнома зинда мерафтанд. Яъне, театри телевизионӣ буд, ки ҳунарпешаҳо спетаклро такроран зинда бозӣ мекарданд. Устод Маҳмуд Тоҳирӣ бемории фишори чашм доштанд ва назди камера бисёр истода наметавонистанд. Аз ин сабаб, танҳо барномаи “Беғараз панд”-ро ду сол пеш бурданду халос. Чун диданд, ки ҳолати доштаашон бо кори мекардаашон созгор нест, маро ба ҷойи худ гузоштанд”,-гуфт дар суҳбат Абдуллоев.

Нуруллоҳ Абдуллоев, ҳунарпеша ва ровӣ аввалин рӯзи банаворгирии барномаи “Беғараз панд”-ро ба ёд оварда, мегӯяд: “Ёдам ҳаст, ки дар намоиши аввал хеле дар ҳаяҷон будам. Он вақт бозмондани дастгоҳҳои наворбардорӣ кори осону сода набуд. Ман дар он лаҳза ҳам ҳаяҷон доштам ва ҳам тарс. Сухан мерондаму дар фикре будам, ки ҳозир ё лаҳзаи дигар гапамро гум мекунам. Хушбахтона, дар як лаҳзаи барои ман душвор яке аз прожекторони студия кафид ва ман нафаси осуда кашидам. То барқарор кардани прожектор ман хеле дам гирифтаму омода шудам”.

Видео: Шакли пурраи барномаи «Корзина»

Меҳмони барномаи “Корзина” инчунин, илова кард: “Барномаи “Беғараз панд” то давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто пас аз он ҳам мерафт. Албатта, замони даргириҳо каму беш таваққуф кард, зеро дар он вақтҳо фикру ҳуши мардум ба муҳофизати ҷони худу наздикони худ буд. Пас аз осоиштагӣ бори дигар барномаро фаъол кардем ва тӯли 14 соли дигар он давом ёфт. Баъд роҳбарияти телевизион нав шуд ва мутаассифона, дигар ба “Беғараз панд” аҳамият надоданд, пул ҷудо накарданд ва амсоли инҳо. Чун боз роҳбарият нав шуд, моро аз сари нав даъват карда гуфтанд, ки барномаро фаъол кунем, вале бо номи дигар яъне “Андарзи ниёгон” ва мо розӣ шудему чанд шумора ҳам омода кардем. Аммо бисёр нопурра ва номураттаб аст”.

Аз ҳама ҷойи муҳим ва мароқоваре, ки Нуруллоҳ Абдуллоев ишора кард, ин 10-15 сомонӣ гонорар додани ҳунармандон ва беаҳамият шудани барнома буд: Он замон кор то ҷое расид, ки мо барои нақшофарӣ дар саҳнаҳои тарбиявии барномаи «Беғараз панд» ба ҳунармандон то 10-15 сомонӣ гонорар медодем. Яъне, то ин ҳад барномае, ки ба гуфтаи шумо ҳазорҳо нафар аз он чизе мегирифтанд, беаҳамият шуда буд”.

Тафсилоти бештари суҳбат бо ҳунарманди шинохтаи кишвар Нуруллоҳ Абдуллоевро дар шумора навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *