Оғохон ёдгориҳои Бухорову Самарқандро барқарор мекунад
Фонди Оғохон ёдгориҳои асосии меъмории шаҳрҳои Бухоро ва Самарқандро барқарор мекунад.
Ба иттилои ёвари Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева, ин масъала дар мулоқот бо роҳбарони Бунёди Оқохон дар бахши фарҳанг баррасӣ гардидааст.
«Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи созмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҷалби ин созмон ба барқарорсозии ду ёдгории муҳим — масҷиди Бибихоним дар Самарқанд ва Манораи Калон дар Бухоро дар назар аст»,- изҳор доштааст Саида Мирзиёева.
Таъкид мегардад, ки ин ду ёдгории таърихӣ барои миллат ва тамоми ҷаҳон аҳамияти бузург дошта, он бояд ҳифз ва дар ҳолати хуб барои наслҳои оянда боқӣ гузошта шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ