Оғози даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2023»
Имрӯз, 21-уми сентябр бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» оғоз гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар маросими ифтитоҳи он Зиёдулло Абдулзода — муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштаанд.
Зиёдулло Абдулзода — муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намудааст, ки озмуни мазкур ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалиятҳои таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эъҷодкор, қадрдонии меҳнати ӯ ва баланд бардоштани мақому манзалаташ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
— Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи шаш шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии довталаб, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро месанҷанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» дар муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3 рӯз давом намуда, ҷамъбасти он 23-юми сентябр дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ