Аз таҳти дил бихандед!
Шукронаи ҳамсоя
Ҳамсояҳо бо тамасхур аз зани бешавҳар мепурсанд:
– Бе мард зистан бароят мушкил будагист?
Зан бо заҳрханд посух мегӯяд:
– Э не, шукронаи шавҳарони шумо!
Таҳқир
Корманди милиса ба марде муроҷиат карда, мегӯяд:
– Азизов, барои таҳқир кардани корманди милиса маблағи ҷаримаро дар ҳаҷми 250 сомонӣ пардохт намоед!
Мард мегӯяд:
– Ана ин 500 сомониро гиру давоми гапамро гӯш кун…
Мактуб
Равоншинос ба мизоҷи наздаш омада маслиҳат медиҳад:
– Ба нафаре, ки шуморо ба ғазаб меорад, мактуб навишта, баъдан оташ занед.
Мизоҷ мегӯяд:
– Майлаш, лекин мактубро чӣ кор кунам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ