Оғози маҷлиси Ҳукумат (аксҳо)
Имрӯз, 24 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.
Маҷлис дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ