Раҳимҷон Набизода

Раиси Рашту зердасташро боздошт кардаанд? (аудио)

Расонаҳо иттилоъ доданд, ки раиси ноҳияи Рашт ва раиси дастгоҳи ҳукумати ин ноҳия аз тарафи кормандони мақомоти коррупсия боздошт шудаанд.

Раҳимҷон Набизода ва Холмуҳаммад Ортиқов, ду мақомдори баландпояи ноҳияи Рашт ба “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” гумонбар ҳастанд. Гуфта мешавад, ки боздошти ин ду баландмақом 22-юми январ сурат гирифтааст.

Радиои “Озодӣ” дар такя ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфтааст, ки раиси ноҳия ва раҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” боздошт шудаанд.

“Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда буд, вале раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд. Ришваро раҳбари дастгоҳ гирифта, ҳангоми ба раиси ноҳия додан дастгир шудааст”,- афзудааст манбаи “Озодӣ”.

Хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва як зердасташро Саъдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияи Рашт рӯзи 23-юми январ дар “Фейсбук” гузоштааст.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Рашт дар суҳбат бо Pressa.tj изҳор дошт, ки ҳоло раиси ноҳия Раҳимҷон Набизода дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат аст. Хабари боздошти ду мақомдорро рад ё тасдиқ накард. Роҳбари дастгоҳи ноҳия Холмуҳаммад Ортиқов бошад, ба зангҳои пайдарҳами Pressa.tj гӯшаки телефонро набардошт.

Аммо манобеи дигар мегӯянд, ки Раҳимҷон Набизода бинобар сабаби узви Маҷлиси миллӣ будан раҳо шуда, нисбат ба раиси дастгоҳ Холмуҳаммад Ортиқов ба гумони “қаллобӣ” парванда боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Раҳимҷон Набизода 61 сол дорад ва дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ноҳияи Рашт буд. Аз соли 2019 раиси ноҳия Рашт мебошад.

Холмаҳмад Ортиқов бошад, 64 сол дорад. Аз соли 2017-ум дар роҳбарии дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт мебошад. Дар гузашта мудири маориф будааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.