дору

Тоҷикон барои истеҳсоли дору дар Эрон таҷриба меомӯзанд

Як гуруҳ мутахассисони кишвар бо шумули намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҳадафи асосии сафари намояндагони Тоҷикистон пеш аз ҳама шиносоӣ пайдо намудан бо истеҳсолкунандагони маводи дору ва молҳои тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва боздид аз майдончаҳои истеҳсолии онҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва дар ин замина афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон ва таъсиси корхонаҳои муштарак маҳсуб меёбад.

— Аз ҷумла, дар доираи сафари корӣ роҳбарони 5 ширкати истеҳсолии ватанӣ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи истеҳсолии ширкатҳои эронӣ ва ба роҳ мондани он дар истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби ширкатҳои эронӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ, таҷрибаи истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахш ҳамчун манбаи хоми доруворӣ ба ин кишвар сафар намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *