ҳаҷ

Ҳеҷ донӣ, дар ҷаҳон кӣ бештар ҳаҷ меравад? (аудио)

Ҳеҷ донӣ, дар ҷаҳон кӣ бештар ҳаҷ меравад?

Зишткору бодахору дузду ғар ҳаҷ меравад.

Ҷамъ кард он кас, ки пул бо макру фанд аз хосу ом,

Бо виқору дағдаға, бо карру фар ҳаҷ меравад.

Хешу қавми чоплусу корсозу морбоз,

Аҳли байти одамони муътабар ҳаҷ меравад.

Ҳофизу ҳофизаву айёшу қаллобу хароб,

Фитна бархезонда ҳар ҷо, фитнагар ҳаҷ меравад.

Олиме олам намебинад, алам дорад ба дил,

Золиме рафтасту даҳ бори дигар ҳаҷ меравад.

Байни онҳо боз мебинӣ, ки сад шукри Худо,

Бандаи огоҳу Қуръонбохабар ҳаҷ меравад.

Тавба созад, пок созад хешро имсол агар,

Шайхи Хайрандеши мо соли дигар ҳаҷ меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *