дорухона

Ҷилави дорухонаҳои Файзобод дар дасти кист?

Дар маркази ноҳияи Файзобод ёздаҳ дорухона фаъолият доранд, ки аз болои онҳо касе назорат намекунад. Ҳамин аст, ки онҳо ба доруҳо худсарона нарх мемонанд.

Албатта, хуб аст, ки дар маркази ноҳия 11 дорухона фаъолият намуда, мардумро бо доруворӣ таъмин мекунанд, аммо фаъолияти онҳо бояд танзим шавад. Сокинони ноҳия аз он шикоят доранд, ки ин дорухонаҳо дар фиреби мардум устухон надоранд.

Банда як рӯз аз ҳамаи ин дорухонаҳо дидан карда, ба ин бовар ҳосил кардам. Фурӯшандагони дорухонаҳо ба дорую сӯзандоруҳо ва дигар маҳсулоти тиббӣ аз даҳонашон чизе ояд, нархгузорӣ мекунанд. Агар мази “Пардифен” дар яке аз ин дорухонаҳо 30 сомонӣ арзиш дошта бошад, дар дигаре 37 сомонӣ ва дар сеюмӣ 40 сомонӣ нарх дорад. Ё таблеткаи “Цитрамон”-ро ин дорухонаҳо аз 80 дирам то 2 сомонӣ нарх мондаанд. Ҳамин гуна, нархи тамоми доруҳо аз якдигар фарқ доранд ва ҳар қадар ҷустуҷӯ кунед, ҳамон қадар боло бурда шудаанд. Махсусан, дар ин шабу рӯз, ки мардуми зиёд ба бемории зуком гирифторанд, нархи доруҳои зидди зуком ва антибиотикҳоро бамаротиб аз пеши худ боло бурдаанд.

Ба чунин доруфурӯшон зиндагии мардум моҳият надорад. Онҳо аз рӯйи шиори “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал мекунанд. Ҷилави онҳоро кӣ мегирад?

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *