Оғози музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар дидбонгоҳи «Равод»

Дар пасманзари ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар дидбонгоҳи гумрукии «Равод» гуруҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шудаанд.

Ба  Pressa.tj як манбаъ аз мақомоти вилояти Суғд хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистонро Раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймуъмин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Қамчинбек Ташиев, раиси КДАМ-и ин кишвар роҳбарӣ намуданд. Ҳамзамон, дар мулоқот вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғд ва вилояти Ботканди ширкат варзиданд.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *