Қурбонии аҳдшикании қирғизҳо аз Бохтар. Боз қаҳрамони шаҳидеро ба хок супориданд

Аслан Менеқулов, аскари шуҷоъи тоҷик дирӯз, 15-уми сентябр дар оромгоҳи Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар ба хок супорида шуд. Ӯ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳангоми иҷрои қарзи фарзандии хеш аз тири душман ба шаҳодат расид.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки Аслан Менеқулов соли 2021 ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуда буд. Ӯ дар шаҳри Исфара адои хизмат мекард. Мутаассифона, рӯзи 14-уми сентябр аз ҷониби душман ба шаҳодат расид. Вале ҳамчун ҷавонмарди ватандӯст аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дод ва ин қаҳрамонии ӯ ҳаргиз фаромӯш намешавад.

Аслан Менеқулов дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар таваллуд шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *