Оғози сафари корвони журналистон ба Бадахшон
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 8-уми октябри соли 2023 корвони иттилоотӣ ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон раҳсипор мегардад.
Бино ба иттилои раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, сафари эҷодии журналистон аз ноҳияи Дарвоз оғоз меёбад.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи сафари мазкур ошноӣ бо дастовардҳои замони истиқлол дар вилоят буда, давоми сафар аҳли эҷод бо рӯзгори мардум дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон, Ишкошиму Шуғнон ва шаҳри Хоруғ шинос мешаванд.
Инчунин, дар шаҳри Хоруғ бо иштироки доираи васеи коршиносон ва ҷомеаи журналистии вилоят мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши беназири Пешвои миллат дар рушди воситаҳои ахбори омма” баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ