Ифтитоҳи бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод

Бо иштироки вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода ва роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, иншооти мазкур аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, ки иншоот дар доираи омодагиҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, он аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

— Иншоот бо тамоми шароити замоми муосир ҷавобгӯй бунёд ёфта, аз 25 ҳуҷраи корӣ иборат аст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *