Фазлиддин Қодиров: Тоҷикистон метавонад “Макка”-и сайёҳии экологӣ бошад

Аз мушкилот то пешниҳодот дар суҳбат бо мутахассиси соҳа

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок барои кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла Тоҷикистон солҳои охир барои рушди ин бахш талош дорад. Оид ба мушкилот, дурнамо ва рушди соҳа бо Фазлиддин Қодиров, устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусоҳиба анҷом додем.  

— Ҳоло сайёҳӣ як бахши муҳиму сердаромад аст. Кишварҳо низ барои рушду ҷалби ҷаҳонгардон талоши бештар мекунанд. Аз нигоҳи шумо, то куҷо сайёҳӣ дар Тоҷикистон пеш рафтааст?

— Ҳамасола зиёда аз 2 млрд нафар сайёҳон ба сайру саёҳати  кишварҳои гуногун мебароянд. Нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки нисфи аҳолии кураи замин ба сайру саёҳат шуғл меварзанд. Миёни намудҳои гуногуни сайру саёҳат сайёҳии фарҳангӣ ва экологӣ ҷойгоҳи устувор касб кардаанд. Зиёда аз 40%-и саёҳатҳо характери фарҳангӣ дошта, одамон бо мақсадҳои омӯзиши таърихи инсоният, эҳсоси воқеияти таърихӣ, ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ, урфу одат ва анъанаҳо, махсусиятҳои этнографӣ, иншооти меъморӣ, иштирок дар маросимҳои ибодатӣ ва амсоли инҳо ҷаҳонгардӣ мекунанд.Дар баробари афзоиши шумораи бесобиқаи сайёҳон ва таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба шароити воқеии табиат, бисёре аз объектҳо ва зуҳуроти фарҳангию муҳити табиӣ ба гардиши сайёҳӣ ворид карда мешаванд. Тоҷикистони мо барои ҳар ду навъи сайёҳӣ ҳам мусоид аст.

Ф. Қодиров, устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 — Ҳоло дар Тоҷикистон чӣ қадар ёдгориҳо мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳон хеле муҳиманд?

— Айни ҳол дар мамлакат зиёда аз 2 ҳазор ёдгориҳои фарҳангии вобаста ба давраҳои гуногуни таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. 220 шаҳр ва шаҳракҳо, 70 қалъа, 81 объектҳои бостонӣ, 654 объектҳои омӯхтанашуда, 69 оромгоҳ, 58 масҷидҳои таърихӣ, 5 корвонсарой, 13 мадраса, 160 пайкара, 179 монумент ва амсоли инҳо аз ҷумлаи ёдгориҳои фарҳангӣ мебошанд.

— Оё ҳисоб кардаед, ки як сайёҳ ба ҳисоби миёна чӣ қадар маблағ харҷ мекунад?

— Барои саёҳати аз 6 то 12-рӯза ҳар як сайёҳ дар Тоҷикистон аз 800 то 1200 $ маблағ сарф мекунад. Даромади асъори хориҷӣ аз ҳисоби сайёҳон 15,3%-и даромади умумии маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.

— Тарғиби имкониятҳои нодири сайёҳӣ низ муҳим аст. Аз нигоҳи шумо, то куҷо маконҳои ҷолиби диққат дар Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд?

— Дар Тоҷикистон вобаста ба мавҷуд будани шумораи зиёди оромгоҳҳо ва ҷойҳои муқаддаси зиёратӣ, сайёҳии динӣ-зиёратӣ ва маърифатӣ миёни саёҳаткунандагон маъмул гардидааст. Айни ҳол шумораи ин гуна объектҳо ба зиёда аз 140 адад баробар буда, аксари онҳо мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони ватанию хориҷӣ қарор доранд. Оромгоҳи Хоҷа Муҳамад Башоро дар шаҳри Панҷакент, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг, Оромгоҳи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар ноҳияи Темурмалик, Оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар шаҳри Турсунзода, Оромгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар шаҳри Душанбе, Оромгоҳи Махдуми Аъзам дар шаҳри Ҳисор ва амсоли инҳо ба макони зиёрату саёҳат табдил ёфтаанд. Ҷамъи сайёҳон ва зиёраткунандагон, ки аз ин объектҳо дидан менамоянд, ҳамсола аз 30 то 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумули ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон танҳо 2 объект — шаҳраки бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон “Куҳҳои Помир” ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд.

— Дурнамои сайёҳии экологиро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед? Оё пешрафтеро мушоҳида мекунед?

— Ташкили бонизом ва мақсадноки сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон метавонад натиҷаҳои муассир ба бор орад. Тибқи назарсанҷиҳои UNWTO сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои ояндадор дар асри XXI буда метавонад. Тоҷикистон вобаста ба дороӣ ва мавҷудияти майдони зиёди ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда (3,1 млн гектар ё 22%- ҳудуди ҷумҳурӣ) яке аз пешоҳангон дар ин самт ба ҳисоб рафта, метавонад “Макка”-и сайёҳии экологӣ бошад. Дар ҳудуди мамлакат 5 мамнуъгоҳ, 13 парваришгоҳ, 1 боғи миллӣ, 1 боғи таърихӣ-табиӣ ва 1 боғи табиӣ амал мекунад.

— Сабаби ба таври дилхоҳ рушд накардани сайёҳӣ дар кишвар чист?

— Пеш аз ҳама рушди начандон фаъолонаи бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳӣ, бахусус, роҳҳо ба самти ҷойгиршавии объектҳои сайёҳӣ, норасоӣ ва сифати пасти хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, норасоии мутахассисон ва ё ҷалб накардани мутахассисони баландихтисоси соҳа барои фаъолият дар иншооти инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ аст. Ҳолати хароби баъзе аз объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ, норасоии хатсайрҳои ҳавоӣ бо кишварҳои ҷаҳон, нархи гарони чиптаҳои ҳавопаймоӣ низ мушкилот мебошанд.

Дар баробари ин, омилҳои дигар, аз қабили сатҳи паст ва ё умуман набудани менеҷменти дилхоҳ, ҳатто дар объектҳо ва муассисаҳои пойгоҳӣ барои сайёҳӣ ба монанди осоишгоҳҳо, мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва табиӣ, инчунин анқариб тамоман набудани корҳои тарғиботӣ аз ҷониби дастандаркорони объекту муассисаҳои сайёҳӣ пешрафти соҳаро халалдор месозад.

— Оё дар Тоҷикистон объектҳои таърихӣ-фарҳангие ҷой доранд, ки бо сабабҳои муносибати нодуруст ва ғайриоқилона нисбат ба онҳо ба харобшавӣ ва ё нестшавӣ рӯй овардаанд?

— Бале. Мисоли равшани ин ҳолат дар Панҷакентим қадим, Лангари Бадахшон ва Қалъаи Қаҳ-қаҳаи Ишкошим вомехӯранд.

— Соли равон омори омадани сайёҳон ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?

— Дар нимсолаи аввали соли 2023 шаҳрвандони хориҷие, ки вориди Тоҷикистон шудаанд, 627,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин 487,4 ҳазор нафар ба сифати сайёҳ аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,3 ҳазор нафар (ё 34%) зиёд мебошад. Аз ин 453,5 ҳазор нафар ё 93% сайёҳон аз кишварҳои ИДМ ва 33,8 ҳазор нафар ё 7% сайёҳони кишварҳои хориҷи дур мебошанд.

Барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон айни замон дар кишвар 238 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора дар ВМКБ 43 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 14 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ширкати сайёҳӣ рост меояд.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *