Оғози сохтмони бинои маъмурии қисми ҳарбӣ дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар ба сохтмони бинои маъмурии қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД оғоз карданд. Иншооти мавриди назар аз чор ошёна иборат аст ва дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёд мешавад.

Дар маросими гузоштани санги асоси бино Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии мамлакат иштирок кардааст.

Бинои маъмурии қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар ошёнаи якум ташкил кардани ситоди қисми ҳарбӣ ва дар ошёнаи дуюм, сеюм ва чорум хобгоҳҳои сарбозон, утоқҳои кории афсарон, инчунин утоқҳои фароғатӣ-маишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дода, афзудааст: “Ин ташаббус шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва бахусус ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ мебошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *