Чин барои Роғун $500 млн қарзи имтиёзнок медиҳад

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) ба Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба маблағи 500 миллион доллар қарзи имтиёзнок ихтисос медиҳад.

Барои ин рӯзи 17-уми май дар Пекин президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Созмони байналмилалии молиявӣ Ҷин Люкин ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ як ниҳоди молиявии байналмилалӣ аст, ки бо ибтикори Чин таъсис ёфтааст. Ҳадафҳои асосии AIIB таҳрики ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё: аз сохтмони роҳҳову фурудгоҳҳо то манзилҳои дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс) мебошанд.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо сарбанди сангу хокии 335-метра баландтарин нерӯгоҳ дар ҷаҳон хоҳад шуд, ки ба камбуди доимии нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон хотима дода, ба гуфтаи коршиносон, имкон медиҳад, то нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя содир шавад.

Соли гузашта Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳазинаи умумии бунёди нерӯгоҳи барқии обӣ 8 миллиард доллар арзёбӣ шуда, 3 миллиард доллараш аллакай масраф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *