Оғози сохтмони кӯпруки сеюм дар водии Яғноб

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз рафти сохтмони кӯпрук ва ҷамъоварии картошка дар деҳаи Ғармайни водии Яғноб дидан кард.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, солҳои зиёд мардуми водии Яғноб аз набудани пули мошингузар азият мекашиданд ва роҳи мошингард то деҳаҳои дурдасти водӣ умуман мавҷуд набуд. Мушкилоти сокинони водӣ дар он буд, ки дар давоми сол ҳафт моҳ роҳи мошингард то ба Яғноб баста буд. Асосан, аз шаҳраки Сарвода то деҳаи Марғеб, ки даромадгоҳи водии Яғноб аст, роҳ 39 километрро ташкил медиҳад ва онро дар муддати қариб ду соат метавон бо нақлиёт тай кард. Баъд аз он танҳо 30 километри дигар бо мошин ба деҳоти болоии водии Яғноб рафтан мумкин буду халос. Сокинони чандин деҳаҳои Яғноб, аз ҷумла Қул, Пискон, Крёнте, Деҳбаланд, Ғармайн ва ғайра маҷбур буданд, ки баъд аз ин роҳи худро пиёда ё бо хару асп идома диҳанд. Хар ва асп то имрӯз воситаи асосии рафтуомад ва боркашонӣ барои бештари сокинони водии Яғноб боқӣ монда буд. Аз моҳи ноябр то июн ягона роҳи мошингард ба деҳаҳои баланди Яғноб баста мешуд. Шуруъ аз охири тирамоҳ дар водии Яғноб он қадар барфи зиёд меборад, ки ҳатто рафтуомад байни деҳаҳоро мушкил мекунад, зеро деҳоти баланди ин водӣ дар дили куҳҳо ҷойгир гаштааст. Дар деҳоти водӣ танҳо дар моҳи апрел пиёдароҳ кушода мешавад, роҳи мошингард бошад, моҳҳои июн кушода мешавад.

— Мушкили асосии мардуми водӣ мавҷуд набудани пул барои рафтуомади мошинҳо буд, ки ин ҳам дар рӯзҳои наздик роҳи ҳалли худро меёбад. Зеро, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди водии Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоб ду кӯпруки мошингузар сохта шуда истодааст. Сохтмони ин кӯпрукҳоро “Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ” дар якҷоягӣ бо ташкилоти “Агроаксияи олмон” ва ташкилоти ҷамъиятии “Навовариҳо ва иштирок барои тараққиёт” ба уҳда гирифтаанд. Ҳамчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди деҳаи Ғармайн кӯпруки сеюм бо маблағгузории аҳолӣ сохта мешавад. Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни боздид аз рафти сохтмони кӯпруки сеюм бо сокинон суҳбат карда, гуфт, ки ободии Ватан аз дуртарин деҳот оғоз мешавад. Агар ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ барои ободонии диёри худ сидқан талош варзем, албатта ба муваффақиятҳо ноил мегардем ва Ватани худро зуд ободу зебо мегардонем. Ба ин васила мардуми мо ба зиндагии шоиста сазовор хоҳанд гашт. Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ташкилоти байналмилалӣ, ба монанди “Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ”, “Агроаксияи олмон”, ташкилоти ҷамъиятии “Навовариҳо ва иштирок барои тараққиёт” ва монанди инҳо ба дуртарин деҳоти Тоҷикистон барои кумак намудан ба сокинон сафарбар мегарданд ва ба ин восита саҳми худро дар ободонии Тоҷикистони азиз мерасонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ барои обод гардонидани дуртарин деҳоти ноҳия ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ояндаи наздик рафтуомад ба водии Яғноб тавассути техника дар тамоми фасли сол таъмин хоҳад гашт,- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин, Муқим Муродзода аз рафти ҳосилғундории сокинони деҳаи Ғармайни водӣ дидан кардааст. Маълум гардидааст, ки сокинон имсол ҳам ҳосили хуби картошкаро ба даст овардаанд. Раиси ноҳия барои захираи зимистона ва фурӯши картошкаи Яғноб дар бозори дохили кишвар ба сокинон маслиҳатҳои муфид додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *