«Истиқлол» — «Ал-Дуҳайл»: Ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор шуд

Ҷаласаи пеш аз бозӣ оид ба масъалаҳои ташкилии вохӯрии даври аввали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор гардид.

Бино ба иттилои ФФТ, дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл», кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин  масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки мизбонони рақобат — футболбозони “Истиқлол” бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг ба майдон мебароянд.

Вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар имрӯз, 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00.

Фурӯши чиптаҳо дар хазинаҳои варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи  расмии даста дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 идома дорад. Нархи чиптаи категорияи якум барои минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *