Олимпиада

Оғозу ҷамъасти сеюмин озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯён дар Хатлон

Дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъбаст гардид.

Ин озмун барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар ин озмун аз 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар дар умум 142 донишҷӯ аз рӯйи 5 фанни таълимӣ — математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ ва асосҳои демографии он байни худ сабқат карданд. 

Гуфта мешавад, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли сеюм аст, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  озмуни мавриди назарро баргузор менамояд.

 Озмуни минтақавии «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» байни хонандагони синфҳои 9-11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯйи фанҳои дақиқ 23-24 сентябр ва байни хонандагони синфҳои 9-11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 11-12 ноябри соли 2022 доир карда шуд.  Ғолибони ин зинаи таҳсилот низ бо «Ҷоми раёсати Донишгоҳ», дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ ҳавасмандӣ гардиданд. Раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар озмуни минтақавии хонандагони синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ  ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам иштирок кунанд. 

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *