Тағйирот дар Бохтар ва Балхӣ: Мудирони шуъбаи маориф таъин шуданд

Дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мудирони шуъбаи маориф иваз шуданд. Ин тағйирот бо пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ ва фармоиши Вазири маориф ва илми кишвар сурат гирифтааст.

Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар таъин шудааст. Ӯ то ин замон директори Литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Бохтар буд. Дар гузашта чанд сол ҳам ба ҳайси муовини раиси шаҳри Бохтар кор кардааст.

Шоиста Абдуназарзода дар ин вазифа Фаридудин Сайахмедовро иваз кард, ки ӯ як моҳи охир иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар буд.

Саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар гуфтааст, ки таъини мудири нав бо пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо фармоиши Вазири маориф ва илми мамлакат Мирзо Ғоибназарзода мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *