Амирбек Мӯсоев

Оҳангсозони Ӯзбекистон ба Душанбе меоянд

Оҳангсозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе се рӯз Фестивали муштараки мусиқӣ баргузор мекунанд. Дар ин бора Амирбек Мӯсоев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон  хабар дод.

“Аз кишвари ҳамсоя 6 нафар композиторон ва бастакорони шинохта ба Тоҷикистон меоянд”,- гуфт Амирбек Мӯсоев.

Ин фестивал рӯзҳои 24-уми май дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, 25-уми май дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва 26-уми май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ҳайати оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон бо роҳбарии раиси Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев вориди шаҳри Душанбе хоҳанд шуд. Онҳоро Ҳабибулло Раҳимов, муовини раис ва Мустафо Вафоев, Дилором Саидаминова, Ойиддин Абдуллоева, Акмал Сафаров — оҳангсозон ва Элнура Мирзокамолова — навозанда ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *