Оҳи падар дарбадарам кард
Ман як зани ғарқи гуноҳам. Аз рӯйи мани беақл модарам худкушӣ кард, падарам ғамбемор шуда мурд, бародаронам сарашонро гирифта аз Ватан баромада рафтанд. Хоҳаронам маро сабаби парокандагии оилаамон дониста ба рӯям ҳатто нигоҳ намекунанд. Мане, ки на панди падар гӯш мекардаму на модарро писанд мекардам, имрӯз аз карда пушаймонам, вале пушаймонӣ дигар суде надорад.
Духтари 18- сола будам, вақте ки ба ҳирси молу пул афтода, номусамро ба як раиси пир бахшидам. Айшу ишрати мо оқибат меваи ҳаром ба бор овард ва мани беақл болои он ҳама гуноҳҳоям боз як гуноҳи азими дигар содир намуда, тифли батнамро нобуд сохтам. Ин ҳама магар кам буд, ки роҳи даллагиро пеш гирифта, хоҳаронамро ба доми мардони пулдор афкандам ва се холадухтарамро низ шарики хеш гардонида ба гуноҳ олуда сохтам. Макри ман чандин духтари дигарро низ ба гирдоби бадбахтӣ афканд. Дугонаҳоям бо касофатии мани бадбахт оқипадару дарбадар шуданд. Дар васваса шайтонро дарс дода, худро мусичаи бегуноҳ мегирифтам ва ба ҳама мегуфтам, ки духтарҳои шумо номусашонро фурӯхта бошанд, айби ман чист?! Хулоса, одамони зиёдеро бадбахт намуда, боварии комил доштам, ки хушбахт мешавам, вале Худованд дергири сахтгир будааст. Оҳи падар баъди 23 сол маро гирифту дарбадару хокбасар шудам. Пас аз марги шавҳари раису пулдорам фарзандонаш маро мисли саги дайду аз дар берун карданд. Акнун муҳтоҷу мунтазир ва танҳою зор мондаам. Касе нест, ки дастамро бигирад. Хатоҳои ҷавониам оқибат ба сарам бало оварданд. Мани ғуломи нафсро Худо зада, дар пирӣ чунин хору зор гардонд. Медонам, ки дигар аз ин гиряву нолаҳо суде нест, вале ба он хотир сарнавишти талхамро ба “Оила”навиштам, ки ба духтарҳо дарси ибрат шавад ва хатои маро дар зиндагӣ такрор накунанд! Зиндагӣ киштзору инсон барзгар будааст. Ҳар чи корӣ, ҳамонро медаравидаӣ. Ман, ки як умр тухми бадӣ ва ҳилаю найрангу гуноҳ мекоштам, имрӯз заҳри ҳосили талхи коштаамро чашида истодаам. Оҳи дили он духтарони аз рӯйи ман гумроҳшуда ва дуои бади падару модарам оқибат маро гирифт. Мехоҳам пеш аз маргам аз ҳамаи онҳое, ки бо касофатии мани ғуломи пул бадбахт шуданд, бахшиш бипурсам. Маро пиҳил кунед, то ҷонам осуда барояд!
Санавбар, аз маҳаллаи 102
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ