Ду ғалабаи Муин-Тоҷик дар Данғара

Баргузории мусобиқаи Ҷоми Исмоили Сомонӣ
Тавре аз сомонаи TojikonHoliday хабар гирифтем, 27 ноябри соли равон бори нахуст дар Данғара мусобиқаи байналмилалии дарёфти Ҷоми Исмоили Сомонӣ оид ба самбои размӣ баргузор шуд.
Дар муҳорибаҳои асосӣ Худойдод Раҳмонов самбочии бразилиягӣ ва Муин-Тоҷик Ғафуров барои Шоҳ-ҷоизаи Ҷоми Осиё ғолиб омаданд.
Мусобиқаи байналмилалии мазкур, ки бори 5-ум бо иқдоми Лигаи самбои размӣ ва бошгоҳи муҳорибавии «Истиқлол» ҷараён гирифт, нахуст дастаҳои самбочиёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон миёни ҳам қувва санҷиданд. Дар ин набард дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд. Ғалабаҳоро барои мунтахаби кишвр самбочиёни ҷавон Файзиддин Раҷабалӣ, Фозил Нурализода ва Умед Ҳамроев муҳорибаҳои шадид оварданд.
Дар фарҷоми мусобиқа се набард барои соҳиб шудан ба камарбанди ғолиби Ҷоми Исмоили Сомонӣ доир гашт. Дар вазни 66 кг Сиёвуш Шарифов бо варзишгари доғистонӣ Артур Алиев разм карданд. Ҳардуи онҳо дар зарфи 10 дақиқаи асосӣ ва 5 дақиқаи иловагӣ маҳорати хуби касбӣ нишон доданд. Доварон ба маҳорати онҳо мақоми мусовиро афзал донистанд.
Аммо самбочии ҷавон Шерзод Залиев рақиби афғони худро бон окати техникӣ шикаст дод. Дар муҳорибаи гаронвазнҳо Худойдод Раҳмонов самбочии Бразилия Моез Брендаоро бо осонӣ мағлуб кард.
Инчунин, дар доираи мусобиқа муҳорибаи нимфиналӣ барои Шоҳҷоизаи Ҷоми Осиё доир шуд, ки дар он Муин Ғафуров бо намояндаи Чин Ҷоу Тао қувва санҷид. Азбаски Муин дар ду набарди охирини мусобиқаи созмони муҳорибавии Осиё ONE Championship аз рақибонаш шикаст хӯрд, ин муҳориб барояш хеле муҳим буд. Аз ин рӯ, Муин аз сонияҳои аввалин ба варзишгари чинӣ ҳамла карда, ӯро дар ғафлат гирифт ва бо усули дарддиҳии даст ба таслимшавӣ маҷбур намуд. Дар вохӯрии финалӣ бошад, Муин самбочӣ Сами Аминро аз Миср дар раунди якум бо нокаути техникӣ мағлуб сохт.

Эмоми НАЗАРИЁН
(Алоқамадони гиромӣ! Гузориши муфассалро аз ҷараёни мусобиқаи байналмилалии мазкур дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» манзуратон мегардонем).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *