“Ҳоҷӣ”-и самарқандӣ дар дохили нон ба Макка нашъа бурданӣ шуд
Дар фурудгоҳи Самарқанди Узбекистон як зоир, ки ба сафари Ҳаҷ мерафт, бо иттиҳоми қочоқи афюн ва маблағи бузурги асъори хориҷӣ дастгир шудааст. Шамшӣ Аҳроров 80 грамм маводи мухаддирро дар даруни нонҳояш пинҳон карда буд. Шабакаи телевизионии «Узбекистон 24” рӯзи 18 август хабар дод, ки дар боҷхона (гумрук)-и фурудгоҳи шаҳри Самарқанд як мардро, ки қасди сафари Ҳаҷ дошт, бо маводи мухаддир дастгир кардаанд. Шамшӣ Аҳроров маводи мухаддирро дар даруни кулчаҳое, ки бо худ ба ин сафар гирифта буд, пинҳон карда буд.
Шабакаи «Узбекистон 24” мегӯяд, мардум ба онҳое ки сафари Ҳаҷ муяссарашон мешавад, бо ҳавас нигоҳ мекунанд ва онҳое, ки ин фарзи исломиро ба ҷо меоранд, дар ҷомиа аз мақому мартабаи хосе бархӯрдор мешаванд.
Гузориш меафзояд, чунин шараф насиби сокини Самарқанд Шамшӣ Аҳрор ҳам шуд, ки сафари Ҳаҷ кунад, вале: «Шамшӣ Аҳрор натавонист худро аз банди нафси шайтонӣ халос кунад ва ҳатто ба ин сафари муборак ва муқаддас дасти холӣ набаромад.”
Ҳангоми муоина дар боҷхона (гумрук)-и фурудгоҳи Самарқанд чанд ноне, ки Шамшӣ Аҳроров бо худ мебурд, сабаби шубҳаимаъмурони гумрук ва Хадамоти амнияти миллӣ шуд. Муоинаи ҷиддитари бағочи ин талабгори сафари Ҳаҷ нишон дод, ки шубҳаи мақомот беҷо нест ва Шамшӣ Аҳроров дар дохили нонҳояш ду бастаи селофанпеч пайдо кардаанд. Ташхис нишон дод, ки дар дохили ин бастаҳо Аҳроров 80 грамм афюнро ҷобаҷо карда, мехост ба Арабистони Саудӣ барад.
Аз даруни бағочи Аҳроров ҳамчунин 3600 доллар ва пулҳои кишварҳои дигаре, чун Қазоқистон, Корея ва ҳатто Филлипин ёфт шуда, дар давоми ҷустуҷӯ мақомот боз аз даруни ҷӯробҳои Аҳроров боз 1500 доллари дигар пайдо кардаанд.
Шабакаи «Узбекистон 24” мегӯяд, қочоқи маводи мухаддир ва пули зиёд нишон медиҳад, ки Шамшӣ Аҳроров на бо ҳадафи зиёрат ва иҷрои як фарзи исломӣ, балки барои тиҷорат ва пулкоркунӣ роҳии Маккаву Мадина шудааст. Хабарнигор хотиррасон мекунад, ки агар ин сокини Самарқанд дар Арабистони Саудӣ бо маводи мухаддир ба даст меафтод, ҷазояш, тибқи қонунҳои шадиди он кишвар, ҳукми қатл буд.
«Чунин амал мухолифи ҳам арзишҳои дини мубини Ислом аст ва ҳам ба шаъни Ватану миллат доғ меорад,” – мегӯяд дар хулосаи гузоришаш хабарнигори телевизиони давлатии Узбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ