Ҷудокор Сомон Маҳмадбеков — барандаи Ҷоми Аврупо

Дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки рӯзи 19-уми август дар шаҳри Аради Руминия шуруъ шуд, паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков медали тилло бурд.
Сомон дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Константин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) дар даври ниманиҳоӣ Каро Марандиянро аз Украина шикаст дод. Сомон дар набарди финалӣ бар Олег Овчаренко (Украина) пирӯз шуда, мақоми аввалро байни 248 варзишгар касб кард ва соҳиби медали тилло гардид..
Ин медали тиллои дуюми Сомон Маҳмадбеков дар соли равон ба шумор меравад. Ӯ барои дарёфти Ҷоми Африқо оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 22-23 апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, медали тилло ба даст оварда буд.
Пас аз натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Руминия бо 10 медал (2-1-7) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Исроил (1-3-1) дар мақоми дувум ва мунтахаби Маҷористон (1-0-1) дар мақоми севум қарор доранд. Тоҷикистон бо як медали тилло дар мақоми шашум аст.
Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Аврупо дар Руминия ва дар Ҷоми Африқо дар Тунис парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *