Оқибати занозании ҳамдеҳагон

Бино ба иттилои ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Гумонбаршуда, 14-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:00-дақиқа, дар кӯчаи Охунҷонов бо марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардида ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб кардааст.
Бо рух додани ин ҳодиса марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар ин самт корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *