Ҳоҷӣ Мирзо модарашро ба хок месупорад

Саъбагул Ибронова, модари рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзо, рӯзи 17 январ дар синни 82 аз олам чашм пӯшид.

Маросими намози ҷанозаи марҳума рӯзи 18 январ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози пешин доир мешавад. Ҳоҷӣ Мирзо моҳи март падараш Ҳоҷӣ Давлатро низ аз даст дода буд.

Наздикони рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо хабар доданд, ки модари ӯ Саъбагул Ибронова дар синни 82 вафот кард. Ба гуфтаи наздикони Ҳоҷӣ Мирзо, модараш чанд вақти охир мариз буд ва дар манзили фарзандаш ҷон ба Ҷаббор супурдааст.

Қарор шудааст, ки модари Ҳоҷӣ Мирзоро дар Душанбе ба хок супоранд. Маросими намози ҷанозаи Саъбагул Ибронова рӯзи 18 январ дар вақти намози пешин дар масҷиди марказии пойтахт, дар назди мадраса доир хоҳад шуд.

Худи Ҳоҷӣ Мирзо, ки соли гузашта дар маросими дафни падараш ширкат карда натавонист, ҳоло дар Душанбе будааст. Ҷанозаи Ҳоҷӣ Давлат Ибронов, падари Ҳоҷӣ Мирзо, ки рӯзи 28 феврали соли 2017 дар синни 92 дар манзили писараш дар пойтахт аз олам чашм пӯшид, низ дар Душанбе, дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда шуда буд..

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *