БДА музоядаи нивбатиро эълон кард

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки 27 январи соли равон аломатҳои қайди давлатии силсилаи «НА» — 01, аломати қайди давлатии силсилаи «ВЕ» — 07 ва «АК»-08  ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, музояда соати 10:00 дар толори Раёсати БДА гузаронида мешавад. Нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад.

Маълумоти муфассалро оид ба гузаронидани музояда метавонед тавассути телефонҳои 235-79-29 ва 236-09-34 дастрас намоед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *