Оғози даъвати баҳорӣ

Мавсими даъвати баҳории сокинони аз ҳаждаҳ то 27-солаи Тоҷикистон ба хидмати артиш расман оғоз ёфт. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, гуфтааст, аллакай барои чунин афрод даъватнома барои ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ фиристода шудааст. Аммо ӯ гуфт, дар сурати сарпечӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҷавононро ба комиссариатҳо ҳозир намоянд.

“Аслан калимаи “облава” дар қонун нест. Вале як чиз аст, ки инро масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд. Шаҳрвандон бояд донанд, ки дар сурати овардани даъватнома ба макони зисти ӯ ҳатман ба комиссияи даъватӣ ҳозир шаванд. Дар акси ҳол тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳозир шудан маънои онро надорад, ки ӯ бояд ҳатман ба хидмати ҳарбӣ равад. Албатта, аз комиссия мегузарад ва агар қобили хидмат бошад, фиристода мешавад, вагарна ҷавоб медиаҳнд”, — афзудааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *