Духтари Сайрам Исоева фавтид

Саодат Саломова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва духтари ҳунарманди шинохта – Сайрам Исоева – рӯзи 1 апрел дар панҷоҳсолагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ соати 15-и якуми апрел дар назди театри Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд баргузор ва баъдан ҷасадаш дар мазори «Гунбази Қошуқ» ба хок супурда шуд. Вай солҳои зиёд дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ кор кардааст. Хонаводааш сабаби марги ӯро ошкор нагуфтанд, вале Темур Султонов, яке аз ҳамкорони Саодат Саломова гуфтааст,ки ин ҳунарпешаи тоҷик тайи бештар аз як моҳ боз дар бемористон бистарӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *