Оғози озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд»
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ — маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҳунарманд»-ро миёни оилаҳои ҳунарманди кишвар баргузор менамояд.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, озмуни мазкур ба муносибати Рӯзи оила ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, 14 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, озмун дар се марҳила: даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоят ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ доир мешавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки озмун аз рӯи шартҳои гуногун, аз қабили саволу ҷавоб, қироати шеър, сароидани суруд, аз ҷумла аллаи модар, иҷрои рақс ва пешниҳоди маҳсули даст баргузор хоҳад шуд.
Ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамуда сарфароз гардонида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ