Суғд: Домоди авбош хусуру хушдоманашро корд зад

Як марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшан шаби 5 май дар ҳавлии волидони ҳамсараш дар шаҳраки Ғончӣ ҳангоми муноқиша ба гардани хушдоманаш ва ба лаби хусураш корд задааст. Ҳардуро дар бемористонӣ бистарӣ карда ва домоди онҳоро дастгир кардаанд. Ба зидди домод бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушодаанд. Ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони авбошӣ дастгир намуданд.

Номбурда, шаби 4-ум ба 5-уми майи соли 2018, тахминан соати 05:40-дақиқа, ба ҳавлии истиқоматии падарарӯсаш, марди 58-солаи сокини шаҳраки Ғончӣ омада, аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати ӯ ва модарарӯсаш, зани 57-сола суханҳои қабеҳ гуфта, бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1-маротиба ба гардани хушдоманаш ва 1-маротиба ба лаби хусураш задааст.
Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *