Оғози рейдҳо ва 500 сомонӣ ҷарима барои чидани чукриву сяалаф

Ҷамъоварии сиёҳалаф, чукрӣ ва дигар анвои алафҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон акнун бидуни иҷозаи мақомот манъ аст. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, афроде, ки бидуни иҷозатнома ба чидани алафҳои баҳорӣ даст мезананд, дар ҳаҷми то 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Вале ин меъёрҳо дар ниҳояти амр ба нархи гиёҳҳо дар бозорҳои кишвар таъсиргузор шудаст.

Абдуқодирхон Маскаев, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфт, сар аз ҳафтаи ҷорӣ дар тамоми қаламрави кишвар рейдҳои махсус гузаронда шуда ва ҷамъоварии гиёҳҳои табиӣ ва алафҳои баҳорӣ зери назорат гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои Бозрасии давлати автомобилии кишвар намояндагони ин ниҳод мошинҳоро тафтиш карда, муайян мекунанд, ки оё дар онҳо алафҳои баҳорӣ мавҷуд аст ё не. Дар сурати бидуни иҷозат ҷамъоварӣ шудани сиёҳалаф – як гиёҳи баҳорӣ, ки барои таҳияи ғизои маъруфи баҳорӣ ба кор меравад ва хеле хуштамъу табобатӣ аст, шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *