Оғози шикорӣ пулакӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои шикори тирамоҳии ҳайвоноти нодир ба маблағи як миллион доллар квотаро дар фурӯш гузоштааст. Дар рӯйхати шикори имсолаи ҷонварон 85 сар гӯсфанди помирӣ ё худ «Марко Поло», 8 сар бузи морхӯр ва ё пармашох ва се сар гӯсфанди куҳии бухороӣ ҷой дорад.

Барои шикори як гусфанди «Марко Поло» шикоричёни хориҷӣ 45 ҳазор сомонӣ ва барои шикори бузи морхӯр 223 ҳазор сомонӣ ба буҷаи кишвар месупоранд.

Ҷамшед Ватанов, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, акнун ширкатҳое, ки сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунанд, ин квотаҳоро харидорӣ мекунанд. Соли гузашта, ба гуфтаи ӯ, шикорчиёни хориҷӣ 6 иҷозатномаи шикори бузи морхӯр ва 67 иҷозатномаи гӯсфанди «Марко Поло»-ро харидорӣ карданд.

Солона аз ҳисоби шикори бузу гӯсфандҳои нодир дар Тоҷикистон ҳадди аққал 5 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид мешавад. Ду соли пеш 2 миллион сомонии даромад аз шикори гӯсфанди «Марко Поло» ба суратҳисоби бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун гузаронида шуда буд. Ба ҳисоби миёна, маблағи шикори тирамоҳии ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон пардохти маоши 13 ҳазор омӯзгорро ташкил медиҳад.

Шикори ҳайвонот дар Тоҷикистон маъмулан дар тирамоҳ оғоз шуда, то миёнаҳои зимистон давом мекунад. Дар баҳор ва тобистон ба хотири халал ворид накардан ба раванди наслгирӣ шикори ҳайвонот мамнуъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *