Даниел Рустамов дар X-Factor-и Украина

Тоҷикон фақат муҳоҷири корӣ нестанд

Даниел Рустамов якумин тоҷикест, ки дар озмуни телевизионии X-Factor, ки яке аз барномаҳои маъруфи телевизиони Украина аст, ширкат варзид ва даври авали онро бо гирифтани баҳои мусбат аз ҷониби ҳакамон пушти сар карда ба давраи нимфиналӣ роҳ ёфт.

Ин сокини бистсолаи Душанбе, ки чанд соли охир дар шаҳри Москав кору зиндагӣ мекунад, мебояд барои ғолибият дар ду давраи дигар маҳорат нишон диҳад.

Ёдовар мебояд шуд ин бори аввал аст, ки як ҷовони тоҷик дар ин барномаи маъруф ширкат меварзад ва аз ҷониби ҳакамон, ки аз маъруфтарин шахсиятҳои санъати Русия ва Украина ҳастанд, баҳои баланд гирад. Ҳунарнамоии Даниел шоми 8 октябр тариқи телевизиони Украина намоиш дода шуд ва ҳамчунин тариқи Интернет тамошобини зиёд пайдо карда, даҳҳо шарҳи ифтихоромез ва таърифангез ҳам ба думбол дорад.

Барномаи X-Factor — ки аз соли 2010 тариқи шабакаи марказии Украина пахш мешавад, тӯли ин солҳо маъруфияти зиёд пайдо карда барои дарёфти ситораҳои нави санъат нақши калон бозидааст. Ҳамчунин ғолиби ин барнома соҳиби мукофот ба андозаи 2 млн гривна хоҳад шуд. Дар соли 2016 ҳайати ҳакамони барнома иборат аз Константин Меладзе, Андрей Данилко, Юлия Санина, Антон Савлепов иборат аст. Ин ҳайати ҳакамонро ҳунарнамоии Даниел ба ваҷд овард ва онҳо ба ӯ баҳои баланд доданд.

Худи Даниел дар ибтидои барнома гуфт:

— Тасодуфан рӯзе як нафар ба ман навишт, ки оё мехоҳам дар барномаи X-Factor-и Украина ҳунарамро намоиш диҳам? Розӣ шудам ва ҳамин тавр орзу маро то Киев овард.

Даниел Рустамов зимни як сӯҳбати  телефонӣ бо «Озодӣ» гуфтааст, ки даври аввали барнома моҳи июли имсол сабт шуда буд. Ҳамчунин Даниел мегӯяд:

— Барои санҷидани истеъдоди овозхонӣ ва боло будани обрӯи Тоҷикистон то Украина омадам ва хостам нишон диҳам,  тоҷикон фақат муҳоҷири корӣ нестанд ва набояд ба онҳо бо чашми таҳқир нигарист.

Даниел аз он ки назари ҷавонони рус нисбати тоҷикон нодуруст аст дар таассуф аст. Ӯ мегӯяд:

— Бори аввал ба Маскав барои таҳсил омадам. Ҳамдарсонам аз ман пурсиданд, ки куҷоӣ ҳастам? Вақте гуфтам аз Тоҷикистон, безеб нигоҳ карданд.

Ҳамчунин Даниел мегӯяд, ки чандин маротиба кӯшиши ширкат варзидан дар озмунҳои Русияро кардааст, аммо дархости ӯро ба назар нагширифтаанд ва орзуи ҳунарманд шуданд ва тасхир кардани саҳнаи калон ӯро то ба Киев бурдааст.

Даниел Рустамов соли дувум аст, ки дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои Маскав таҳсил мекунад. Дар  барномаи X-Factor таронаи машҳури «Radioactive» аз гуруҳи «Imagine Dragons»-ро иҷро кард. Продюссери шинохта ва роҳбари гурӯҳҳои Viagra ва MBEND  Константин Меладзе, ки яке аз доварони барнома буд, баъди ҳунарнамоии Даниел гуфт:

 — Дар аввал фикр мекардам, ки як сарояндаи оддист, ва як таронаи оддиро иҷро мекунад, аммо дар идома ҷозибае дорад, ки туро ба сӯи худ мекашад. Даниел ба роҳ баромадааст ва ба ӯ барор мехоҳам.

Худи  Даниел мегӯяд, бисёр орзу дошт, рӯзе дар ҳузури Констанин Меладзе суруд хонад  ва назари ӯро нисбати худаш фаҳмад ва хушбахт аст ки ин фурсат ба ӯ даст дод.

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар Душанбе дар оилаи табиб тавлид шуда, аз рӯйи ишорааш дар саҳифаи фейсбукаш забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад.

Баъди пахши навор дар Интеренет даҳҳо нафар санъати ӯро сутудаанд ва ӯро барои сурудани сурудҳои тоҷикӣ ташфиқ ҳам кардаанд, яъне Даниел аллакай мухлисони зиёд пайдо кардааст. Ба ин ҷавони навроҳ ва умедбахш барор мехоҳем.

Одили Нозир 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *