Обхезӣ дар Турсунзода, Суғд, Ҳисор ва Рӯдакӣ (аудио)
Боронҳои пуршиддати 5-6-уми май боиси боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент ва каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар, Муллошодӣ ва зери об мондани чандин қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар шаҳри Турсунзода гардиданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Файзбахш об ба 237 хоҷагӣ таҳдид мекард.
Тавре ба Pressa.tj аз Ҳукумати шаҳри Турсунзода хабар доданд, барои бартараф намудани оқибатҳои сел Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст.
Гуруҳи фаврӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, полковник Имомалӣ Иброҳимзода ҷойи ҳодиса сафарбар гардидааст. Аҳолӣ муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.
Ҳамчунин, бар асари бориши шиддатнок ба ноҳияҳои куҳии вилояти Суғд, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ низ зарар расидааст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 то 16-уми моҳи май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд барои сокинон мушкилиҳо пеш оранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ