Обхезии бесобиқа дар Италия (видео)

Боронхои пай дар пай ба минтақаи Аврупои Марказӣ зарари калон мерасонад. Дар шимоли Италия 14 дарё аз соҳил баромада, маҳалҳои аҳолинишинро зери об монда, ҳаракати нақлиётро халалдор кардааст. Дар ин бора EURONEWS хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, нуҳ нафар ҳалок шудаанд, ки аз миёни онҳо чанд нафар бедарак ҳастанд.

Ба истиноди гузориши расонаҳои итолиёӣ, дар минтақаи Эмилия-Романия дар тӯли 36 соат меъёри шашмоҳаи боришот борид. Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Аз хонаҳои зериобмонда одамонро бо киштӣ ва чархболҳо мебароранд.

Гуфта мешавад, ки ба ҷуз аз Италия борони шадид Сербистон, Хорватия ва Словенияро низ фаро гирифтааст.

“Тӯфонҳо хонаҳоро вайрон мекунанд. Ба киштзору техникаҳо зарари ислоҳнопазир мерасонанд. Зарардидагон мунтазири кумак ҳастанд ва аз мақомоти маҳаллӣ дархост доранд, ки барои мубориза бо пайомадҳои офати табиӣ ба онҳо маблағ ҷудо кунанд”,- чунин навишта шудааст дар хабар.

Тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон, дар рӯзҳои наздик борони шадид ва тӯфон дар шимоли Италия қатъ нахоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *