Лубан

Инъикоси фаъолияти ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар «Жэньминь жибао»

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Чин ва иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд — саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” дар нашрияи «Жэньминь жибао» доир ба фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан мақола чоп шуд.

Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бунёд гардида, моҳи ноябри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин нахустин Коргоҳи Лубан дар Осиёи Марказӣ мебошад ва маҳз дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омода намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир таъсис ёфтааст.

Ба иттилои Шаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, дар заминаи донишгоҳ ва ин устохона сатҳи омода намудани мутахассисон боз ҳам беҳтар мегардад.

«Мо итминон дорем, ки таъсиси ин коргоҳ иқтидори илмии донишгоҳи моро ба сатҳи нав мебарорад. Ба шарофати устохонаи Лубан устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ дастрасӣ пайдо карданд, ки аксари онҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз истифода намешаванд. Бо дастгирии шарикони Чинӣ, аз ҷумла ҳамкасбони мо аз Донишгоҳи касбии идоракунии шаҳрсозии Тянҷин, мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар такмили раванди таълим ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми худро гузошта истодаанд”,- гуфтааст Шаҳриёр Саъдуллозода ба нашрияи «Жэньминь жибао».

Шаҳриёр Саъдуллозода зикр кардааст, ки барои азхудкунии сарватҳои табиию маъданӣ ва истифодаи оқилонаи энергияи офтоб дар оянда Тоҷикистон ба геодезистон, маркшейдерҳо ва мутахассисони соҳаи истифодаи оқилонаи энергияи гармии офтоб ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки дар марҳилаи аввал дар коргоҳи Лубан дар Тоҷикистон ду ихтисоси дар боло зикршуда интихоб карда шуданд.

Бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои беҳтари таълим, кӯшишҳои муштараки мутахассисони Донишгоҳи касбии идоракунии шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз рӯи ихтисосҳои «Технологияи насби қубурҳо барои гармидиҳӣ дар шаҳр» ва «Таҷҳизоти муҳандисии геодезӣ» барномаҳои таълимӣ омода карда шуданд. Инчунин, ҷонибҳо воситаҳои таълимиро бо ду забон: русӣ ва чинӣ таҳия намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки «Жэньминь жибао» — нашрияи расмии Кумитаи марказии ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб рафта, доираи васеи аудиторияро фаро мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *