Содир Ҷабборов дар бораи сарҳад чӣ гуфт?

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ+Чин” изҳор дошт, ки Қирғизистон тасмим гирифтааст дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд.

Ҳамчунин вай дар ин ҳамоиш зикр кардааст, ки Қирғизистон дар якҷоягӣ бо Чину Қазоқистон марзнигорӣ ва аломатгузориро анҷом дода, бо Ӯзбекистон низ ин кор дар ҳоли анҷом аст.

«Ҳоло мо бо ҳамкорони ӯзбекамон барои анҷоми аломатгузории марз фаъолона кор карда истодаем. Дар ҳамин росто, дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мо азм дорем, ки бо Тоҷикистон низ ҳамкорӣ кунем»,- гуфтааст С. Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, ки аз 984 км марзи миёни ду кишвар қариб нисфи он аломатгузорӣ нашудааст ва ба ин далел сокинони марзии ҳарду кишвар бо мушкили дастрасӣ ба об, чарогоҳ ва роҳҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Ҳудуди баҳсбарангез дарозии тақрибан 30%-и сарҳади ду кишварро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *