Обхезии харобиовар дар Ишқобод
Дар пайи боронҳои охир роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон хароб шудаанд.
Дар пайи боронҳои охир роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон хароб шудаанд.
«Дар роҳҳо кафидагиҳои зиёдеро дидан мумкин аст. Ин ҳолат боиси расиши ноқилҳои барқ ҳам мешаванд», — хабар дод як шоҳиди ҳодиса.
Ба гуфтаи шоҳидон, чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ ҳам пур аз об шудаанд.
Боронҳои пай дар пай дар Туркманистон аз нимаи дувуми моҳи март ба ин сӯ идома доранд. Расонаҳо пештар хабар доданд, ки қисме аз ноҳияҳои вилояти Мариро хатари зери об мондан таҳдид мекунад.
Дар мавриди талафоти ҷонӣ ба асари обхезиҳо маълумоте пахш нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ