Ширкати “Роҳи оҳани Ӯзбекистон” дар Тоҷикистон мактаб месозад

Ширкати давлатии “Ӯзбекистон темир йӯллари” (“Роҳи оҳани Ӯзбекистон”) дар вилояти Суғди Тоҷикистон мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд мекунад.

Ширкати давлатии “Ӯзбекистон темир йӯллари” (“Роҳи оҳани Ӯзбекистон”) дар вилояти Суғди Тоҷикистон мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд мекунад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ин ширкат, дар назар аст мактаби мазкур дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд то охири соли 2019 мавриди истифода қарор гирад.

Ин манбаъ хабар додааст, ки феълан дар сохтмон 10 адад техника ва 150 нафар машғули кор буда, то имрӯз бинои мактаб бунёд шуда, ҳоло корҳои таъмири дохили бино ва насби хатҳои барқӣ идома доштааст.

Барои таъмини мактаб бо гармӣ ва об истгоҳи насосӣ ва маркази гармирасонӣ бунёд мешавад.

Ҳамчунин, Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон, як бемористони дорои дусад кати хоб хоҳад сохт.

Бунёди бемористон дар ноҳияи Қубодиён ва сохтмони мактаби нав барои 630 хонанда дар ноҳияи Спитамени Суғд ду барномаи ҳукумати Ӯзбекистон аст, ки дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти имсол мувофиқат шуда буд.

Қаблан Тоҷикистон ҳам эълон карда буд, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон барои 640 нафар мактаб сохта, барои истифода дар ихтиёри мақомоти он кишвар хоҳад гузошт.

Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Ин равобит тирамоҳи соли 2016, баъди фавти президенти пештин Ислом Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев бо Ӯзбекистон оддӣ шуд ва сафари давлатии ӯ дар моҳи марти имсол ба Душанбе умедҳоро барои об кардани яхи солҳо ҷамъшуда бештар кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *