Обхезии шадид ба Афғонистони азиятдида бадбахтиҳои бештар овард

Обхезии шадиде, ки рӯзи 23-юми июли соли 2023 дар вилояти Майдони Вардак рух дод, чандин нафарро ҳалок кардаву ба Афғонистони азиятдида бадбахтиҳои бештар овард.

Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки сели шадиди боронҳои мавсимӣ дар Афғонистон тайи чанд рӯзи охир дастикам 31 нафарро кушта ва даҳҳо нафарро бедарак кардааст, дар ҳоле ки дар Покистони ҳамсоя бар асари боронҳои шадид 13 нафар кушта шуданд.

Шафиуллоҳ Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати давлатии мубориза бо офатҳои табиии Афғонистон гуфтааст, ки дастикам 31 нафар кушта, 74 нафар захмӣ ва 41 нафари дигар бедарак шудаанд. Обхезии шадид пойтахт — Кобул ва вилоятҳои Майдони Вардак ва Ғазниро фаро гирифтааст.

Вай афзудааст, ки бештари қурбониён дар ғарби Кобул ва Майдони Вардак будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *