Канзи шифо: сабабҳои пайдоиши сулфакабудак ва роҳҳои табобати он

Маъмулан одамон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, яъне айёми сармо  шамол кашида, сулфа мешаванд, вале ба баъзе намудҳои сулфа, аз ҷумла ба сулфакабутак ҳатто дар тобистони гарм гирифтор шудан мумкин аст.

Сулфакабудак чӣ гуна касалӣ аст ва аз чӣ пайдо мешавад? Барои ташхис ва табобати ин беморӣ ба куҷо бояд муроҷиат намуд? Сулфакабудак ба кӯдакон чӣ хатар дорад? Маризоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, аз чӣ бояд парҳез кунанд?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан, мо ба номзади илмҳои тиб, табиби сироятшиноси МДММ “Шифобахш” Ҳикматулло Шаҳтобов муроҷиат намудем.

— Сароғоз дар бораи сулфакабудак каме маълумот медодед. Ин беморӣ аз чӣ пайдо мешавад?

— Сулфакабудак, ки бо номи русии коклюш низ маъруф мебошад,  бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандаи асосии он микроби чӯбчамонанди коклюши Bordetella pertussis мебошад. Ба ин беморӣ бештар кӯдакони навзод ва наврасони то 14-сола гирифтор мешаванд, вале одамони калонсол низ мутбалои сулфакабутак гашта метавонанд.

Сулфакабудакро аз рӯйи намуд ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

— сулфакабудаки муқаррарӣ;

— сулфакабудаки ғайримуқаррарӣ;

— сулфакабудаки абортивӣ;

— сулфакабудаки рӯйпӯшшуда;

— сулфакабудаки бе аломат;

— паҳнкунандаи бактерияҳои транзиторӣ.

— Шумо таъкид намудед, ки сулфакабудак бемории сироятӣ аст. Он бо кадом роҳҳо мегузарад?

— Сулфакабудак бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ ҳангоми сулфидан аз шахси бемор ба одамони солими дар атрофаш буда гузашта метавонад, бинобар ин, чораҳои заруриро андешидан лозим аст, то одамони дар гирду атрофи мариз буда аз сулфакабудак сироят наёбанд. Ин беморӣ дар шакли сабук, миёнавазнин ва вазнин ҷараён гирифта метавонад. Вобаста ба шакли беморӣ сулфакабудак аз 2 то 4 ҳафта ё аз 1 то 2 моҳ идома ёфта, баъдан аломатҳои беморӣ оҳиста-оҳиста гум мешаванд ва мариз ба пуррагӣ шифо меёбад. Давраи инкубатсионии сулфакабудак аз 14 то 21 рӯз буда, баъди ин мариз дигар барои атрофиён хавфнок нест, зеро бемориаш дигар сироят намекунад.

— Сулфакабудакро аз дигар намудҳои сулфа чӣ гуна метавон фарқ кард? Ин касалӣ аломатҳои хоси худро дорад?

— Фарқияти асосии сулфакабудак аз дигар намудҳои сулфа дар он аст, ки хусусияти сулфаи давомноки спазматикиро дорад. Шахсе, ки ба ин касалӣ гирифтор шудааст, дурудароз месулфад ва ҳар бори сулфидан аз 10 то 20-25 маротиба сулфа мекунад. Ҳангоми сулфидан мариз аз шиддати сулфа сурх ё кабуд мешавад ва ҳатто чашмонаш об гирифта, эҳсоси норасоии ҳаво, яъне оксиген ва нафасгир шудан ба вуҷуд омада метавонад. Иштиҳои бемор гум шуда, ранги рӯяш мепарад, яъне сафед мешавад, дар таги забон ярачаҳо пайдо мешаванд, вазнашро бошиддат аз даст дода, лоғар мешавад, аммо таби баланд намекунад. Аниқтараш баъзан ҳарорати мариз каме баландтар, тахминан 37-37, 5 дараҷа мешавад, вале то 39-40 дараҷа намерасад. Фарқияти асосии ин намуди сулфа дар он аст, ки дар баъзе мавридҳо як нав садои хирроси хушк шунида шавад ҳам, ҳангоми муоинаи тиббии бемор аломатҳои варам ва шамолкашии шушҳо, ки зимни дигар намудҳои сулфа ва бемориҳои роҳҳои нафас, аз қабили пневмония ва плеврит мушоҳида мешаванд, ба назар намерасанд, ҳарчанд дар акси ренгентӣ баъзе аз нишонаҳои бронхит ба назар расида метавонад.

— Барои аниқ намудани беморӣ кадом намудҳои ташхисро гузаронидан лозим аст?

— Барои аниқ намудани он ки бемор дар ҳақиқат ба сулфакабудак гирифтор шудааст ё не, намудҳои зерини ташхисҳои лабораториро  гузаронидан мумкин аст:

1. Таҳлили умумии хун-лектотситоз бо лимфотситоз.

2. Таҳлили бактереологӣ бо роҳи гирифтани луоб аз девораи пушти ҳалқ.

3. Таҳлили серологӣ.

4. Дар зарурат гузаронидани ренгени қафаси сина, яъне шуш.

— Шакли сабуки сулфакабудак аз шаклҳои вазнини ин беморӣ чӣ фарқ дорад?

— Ҳангоми гирифтор гаштан ба шакли сабуки сулфакабудак дар бемор хуруҷи сулфа дар як шабонарӯз то 10-15 маротиба ба назар расида, ҳар бори сулфиданаш тахминан 5 сулфа мезанад. Сулфакабудаки миёнавазнин бошад, хуруҷи сулфа зиёдтар шуда, то 25 маротиба дар як шабонарӯз мерасад ва дар ҳар бори сулфидан то 10 сулфа мезанад, вале ҳолати умумиаш тағйир намеёбад. Дар сурати ба шакли вазнини сулфакабудак гирифтор гаштани мариз хуруҷи сулфа хеле пуршиддат буда, бештар аз 25 маротиба дар як шабонарӯз месулфад ва ҳар бори сулфидан бештар аз 10 маротиба сулфа мезанад. Сулфа қариб ҳамеша бо қайъкунӣ ба анҷом расида, хуншорӣ дар таги пӯст ва луопардаҳо ба назар мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо бар асари сулфаи дурудароз ва пуршиддат аз бинии кӯдак хун меравад. Вақте ки ҳолати мариз бар асари сулфакабудак торафт вазнинтар мешавад, агар бемор кӯдаки хурдсол бошад, баромадани пешоб ва фазла, яъне ахлот аз қафо ба мушоҳида мерасад.

— Барои он ки ҳолати бемор то ба ин дараҷа вазнин нашавад, чӣ бояд кард?

— Албатта сари вақт ба табибони оилавӣ, духтури кӯдакона ё табиби сироятшинос муроҷиат намудан лозим аст. Мариз ба шакли сабуки сулфакабудак гирифтор бошад, табобати фармудаи духтурро дар хона ҳам гирифтан мумкин аст, вале ҳолати бемор вазнин бошад, ҳатман ӯро дар беморхона бистарӣ мекунанд.

— Бо доруҳои маъмулии зидди сулфа аз сулфакабудак халос шудан имкон дорад?

— Сироп ва дигар давоҳои маъмулие, ки ҳангоми сулфа бар асари шамолкашии шуш ва роҳҳои нафас истифода бурда мешаванд, ба маризоне, ки ба сулфакабудак гирифторанд, қариб ёрӣ намерасонанд. Барои табобати ин беморӣ доруҳои махсус, аз қабили “Коклюшная смес” лозим аст. Доруи мазкурро танҳо бо фармоиши духтур, яъне дорухате, ки табиб менависад, дар дорухонаҳои калон тайёр мекунанд. Ногуфта намонад, ки сулфакабудак бемории давомнок буда, он то ду моҳ тӯл кашида метавонад. Барои аз ин беморӣ ҳарчи зудтар халосӣ ёфтани мариз системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитети беморро баланд бардоштан лозим. Барои ин мариз бояд бештар ғизои аз ҷиҳати экологӣ тозаи саршори витамину минералҳо ва серкаллорияро истеъмол намояд.

— Гирифторони кабудсулфа аз чиҳо бояд парҳез намоянд?

— Зарурат ба парҳези махсус нест, фақат аз нӯшидани обҳои газнок, истеъмоли яхмос, “чипс”, “криешки”, “чупачупс” ва ғизҳои хунуки нав аз яхдон гирифташуда худдорӣ кардан лозим. Хӯрдани меваю сабзавоте, ки дорӯ пошида шудааст, маслиҳат дода намешавад. Беҳтар мешуд, ки маризон то шифо ёфтан аз хӯрдани тарбуз ва харбуза худдорӣ кунанд.

— Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба волидон дар ҳолати гирифтор гаштани кӯдаконашон ба сулфакабудак?

— Сулфакабудак барои кӯдакони то яксола каме хатарнок аст, вале барои кӯдакони аз яксола боло он чандон хатари ҷиддӣ надорад, албатта ба шарте, ки волидон сари вақт ба табибон муроҷиат намуда, тамоми дорую дармони фармудаи духтурро бигиранд ва реҷаи табобати кӯдакро риоя намоянд. Фақат эҳтиёт кардан лозим аст, ки дар ин давра кӯдаки мариз шамол кашида, боз ба ягон бемории дигар гирифтор нашавад, чунки шамолкашӣ боиси бештар хуруҷ намудану авҷ гиирфтани сулфакабудак ва вазнинтар гаштани ҳолати бемори хурдакак гашта метавонад. Боқӣ, ба ҳама тани сиҳат орзумандам.

— Барои маслиҳатҳои судманд ба шумо як ҷаҳон ташаккур!

НӮШИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *