толеънома

Толеъномаи 3-юми майи соли 2024

Ҳамал(21 апрел-22 май)

ҳамал

Алҳол на барои нақшаҳои оянда, балки вазъи имрӯзаатон фикр кунед. Ба ақидаи онҳое, ки бар зидди шумоанд гӯш андозед ва душманро бо чашми кам набинед. Дарк намудани хатои хеш ва узрхоҳии саривақтӣ боиси барқарории осудагӣ ва оромии хонаводаатон мешавад. Аз ҳабҳои таскинбахш истифода баред, то фишоратон боло наравад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Хароҷоти зиёд ва беҳуда метавонад боиси мушкилоти иқтисодӣ гардад. Беҳтар аст пулро танҳо аз рӯйӣ эҳтиёҷ истифода баред. Муносибат бо шарики кориатон сард мешавад. Муомилаи дурушт ва дағалиатон боиси озори наздикон шуданаш мумкин. Дар ҳар оғоз гирифтани дуои хайри волидайнро фаромӯш насозед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Тӯли рӯз муваффақият ҳамроҳи шумо хоҳад буд. Мушкилоти деринаи худро ҳал хоҳед кард. Чизеро, ки аз гуфтанаш хело боз худдорӣ менамудед, имрӯз метавонед дилпурона иброз намоед. Фурсати он расидааст, ки шахси писанди дилатонро ба мулоқоти ошиқона даъват намоед. Нимаи дуюми рӯз ба пиёдагардӣ машғул шавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Кӯшиш намоед то кори пешакӣ оғознамудаатонро имрӯз ба анҷом расонед, зеро пагоҳ фурсат намешавад. Ҳарчанд бисёре аз ҳамкасбон омодаанд ба шумо кӯмак кунанд, лекин танҳо фаъолияти мустақилона натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод.  Барои эҷодкорон рӯзи бобарор аст. Ҳафта барои дилхушӣ ва хушгузаронист на оғози муносибатҳои ҷиддӣ.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Рӯз серташвиш ва каме мушкил мегузарад, аммо меҳнату машақатҳоятон натиҷа хуб медиҳад. Даромади пулӣ дар назар аст. Эҳтимоли шиносоӣ бо шахсе вуҷуд дорад, ки дар оянда ҳамкори хуб мешавад. Инчунин барои хариди таҷҳизоти техникӣ рӯзи мусоид аст. Ҳамсаратон аз шумо ранҷидааст, дилашро ба даст оваред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Ҳама гуна сухан ва рафтори шумо боиси озори атрофиён мегардад. Ба назар шахси худхоҳе менамоед, ки баҳри расидан ба мақсад аз ҳеҷ чизе рӯй наметобад. Эҳтимоли ба имзо расонидани шартномаи нав зиёд аст. Танҳо наздикон шуморо хуб дарк мекунанд. Нафаре ба хонаатон меҳмонӣ меояд, ки аз дидораш шод мегардед

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Кӯшиш беҳудаи ба анҷом расонидани кори кӯҳнаро монеду ба оғози кори нав даст занед, муваффақ хоҳед шуд. Маблағеро, ки муддате пеш қарз дода будед, бармегардонанд. Дар масъалаҳои шахсӣ ва муносибати ошиқона ба ҳарфи дилатон гӯш андозед, на ба маслиҳати дигарон. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Оғози рӯз каме мушкилтар аст. Муоширати дағалонаи атрофиён шуморо асабӣ мекунад, бикӯшед то рӯҳафтода нашавед. Нимаи дуюми рӯз тақдир шуморо ба набард мехонад, каме кӯшиш ба харҷ диҳед, бурд насиби шумо хоҳад шуд. Дастгирии дӯстдоштаатон боиси хушҳолии шумо мешавад. 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Рӯзи хушу ороме ҳаст. Ҳарчанд ягон бурди калоне дар назар нест, лекин бохте низ нахоҳад буд. Даромади пулӣ эҳтимол дорад. Ба нофаҳмиҳои хурд нигоҳ накарда, муносибататон бо хонавода хуб аст. Барои сафарҳои кӯтоҳмуддат вақти мувофиқ аст. Барои оромиши рӯҳу ҷон мусиқии дилнавоз гӯш кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Рӯҳафтодагӣ ва асабонияти беш аз ҳад боис мегардад, ки одамони бароятон азизро ранҷонед. Худро ба даст гиред, атрофиён аз шумо рафтори муносибро интизоранд. Мушкилотеро, ки субҳ сар зада буд, нима дуюми рӯз ҳал карда метавонед. Аз варзиш ва меҳнати зиёди ҷисмонӣ имрӯз худдорӣ намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Нафарони оиладоре, ки бо ҳамсафари ҳаётии худ қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд. Барои муошират бо меҳмонони аз дур омада ва оғози омӯзиши забонҳои хориҷӣ фурсати хуб аст. Ба мулоқоти ошиқона беҳтараш наравед, зеро хатари сар задани нокомӣ дар назар аст. 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Дар фаъолияти корӣ рӯзи бобароре аст. Меҳнати кардаатон аз ҷониби роҳбарият кадрдонӣ хоҳад шуд. Дар коргоҳ бо шахсе шинос хоҳед шуд, ки дар оянда рафиқи содиқатон мешавад. Агар мулоқоти ошиқонае доред ,пас бе ягон ҳарос каме қолабшиканӣ кунед, натиҷааш хуш хоҳад буд. Эҳтимоли гирифтани тӯҳфа вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *